Дар таърихи 20 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳӣ МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон» бахшида ба Рузи байналмилалии Наврузи оламафруз ҳамоиши тантанави баргузор гардид.

Ҷаласаро ровиён аз ҷумлаи ординаторони донишкада ҳусни огоз бахшида, дар бораи навруз ва фазилатхои он сухан гуфта, аз ашъори шоирони гузашта ва муосир шеърҳо кироат намуданд. Сухани аввал ба ректори донишкада доктори илмхои тиб, профессор Муҳаббатзода Ҷиёнхон Қурбон дода шуд.

Устод дар бораи аз ҷашни як миллат ба чашни ҷахони табдил ёфтани Навруз сухан гуфта, дар бораи ташаббусхои Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро оид ба ҷахонишавии Навруз ва анъанаҳои наврузи кайд намуд.

Баъдан ровиёни ҳамоиш суханро ба проректори донишкада н.и.т., Сафаров Зариф Шарипович дода шуд.

Номбурда дар бораи ҳануз сеҳазор сол пеш чашн гррифтани Навруз аз тарафи шоҳ Ҷамшед сухан гуфта ҳозиринро бо ид табрик намуд.

Пас аз ин сухан ба декани факултети такмили ихтисоси омузгорон Шарифзода Сабзаали дода шуд. Шарифзода хозиринро бо чашни навруз табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хонаи ободу дастурхони фаровон таманно намуд. Аз суханони

Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон мисол овард, ки мегуяд, «Бинои хештаншиносии тоҷикон ду шохсутун аст, ки яке забони модари ва дигаре чашни Навруз мебошад».

Хамчунин аз эчоди шоирон шеърхои наврузи кироат намуд.

Ровиен дар қисмати фархангии ҳамоиш ба устоди донишкада Саодат Рахимова сухани табрики доданд. Муллима ҳозиринро табрик намуда, газале дар васфи Навруз кироат намуд.

Баъдан шунавандагони давраи ординатураи клиникии кафедраҳои бемориҳои кудакона ва эндокринология композитсияи бадеии Наврузи оламафрузро иҷро намуда, хотири ҳозиринро бо раксу суруду, саҳнаҳои наврузи шод намуданд.

Дар охири ҳамоиш ректори дошнишкада кормандонро бо сипосномаҳа сарфароз гардониданд.

Ответить