Давлятов Сайфуло Бобоевич

Доктор медицинских наук, член Ассоциации детских хирургов Республики Таджикистан.

Автобиография

Давлятов Сайфуло Бобоевич 10 октябри соли 1962 дар деҳаи Пичандари ноҳияи Варзоб дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Соли 1980 мактаби миёнаи №171-ро (собиқ ноҳияи Ленин) хатм намудааст. Соли 1980 ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1986 онро бо ихтисоси педиатрия бо муваффақият хатм намудааст. Баъдан солҳои 1986 -1987 интернатураи клиникиро аз руи тахассуси ҷарроҳи кӯдакона дар Маркази Ҷумҳуриявии ҷарроҳии кӯдакона гузаштааст. Донишу заковат ва маҳорати баланди меҳнатии ӯро  ба назар гирифта, пас аз хатми интература  ӯро дар шӯъбаи қабули ҳамин марказ ба ҳайси ординатор ба кор қабул менамоянд. Сипас аз соли 1988 то соли 1991 ба ҳайси ординатори шӯъбаи фасодию септикӣ таъин карда мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи амалии худ соли 1990 дар шаҳри Москва курси омӯзиши  «Эндоскопияи кӯдакона»-ро гузашта, баъди бозгашт дар Маркази ҷарроҳии ҶТ гузаронидани муонаи эноскопиро ҷорӣ намуд. Ӯ аввалин маротиба дар ҷарроҳии кӯдаконаи Тоҷикистон бо усули эндоскопӣ амалиётҳо оиди бемориҳои перитонит, обхалтаи тухмдони духтарон ва ногузориши шадиди рӯдаҳоро бо муваффақият гузаронида  аз натиљањои он дар  маҷаллаи «Нигаҳдории Тандурустии Тоҷикистон» (1993-№ 2-3) мақолаи илмӣ чоп намудааст. Инчунин соли 1991 дар шаҳри Москва курси омӯзиши навбатии «ҷарроҳиҳои қафаси сина»-ро гузштааст. Соли  1992 бо иштироки бевоситаи ӯ ва устодони барҷастаи ҷарроҳии кӯдаконаи Тоҷикистон профессор А. Т. Пулотов ва профессор Т.А. Абдуфатоев шуъбаи махсусгардонидаи қафаси синаю батни (торокообдоминалӣ) ташкил карда мешавад ва Давлятов С.Б аз соли 1993 то соли 1999с мудири шӯъбаи мазкурро ба ӯҳда дошт. Ҳамзамон аз соли 1994 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино низ фаъолият намудааст.  Баъдан аз соли 1999 то соли 2005 ҳамчун ассистенти кафедраи ҷарроҳӣ, иншоршиносӣ ва тахдиромузии кӯдаконаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2000 рисолаи номзадиро дар яке аз бахшҳои мураккаби ҷарроҳии кӯдакона «Ташхис ва табобати сухтании сурхруда дараҷаи 2 – 3 дар кӯдакон» ҳимоя намуд. Бояд қайд намуд, ки ӯ якчанд усули нави ташхис ва табобати ин бемориро ихтироъ намуд, ки ҳоло на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар якқатор ҷумњуриҳои собиқ шуравӣ низ ҳамчун дастурамал васеъ истифода бурда мешавад.  Аз соли 2005 инҷониб мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиники ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳрии ш. Душанбе ва ҳамзамон аз соли 2010 роҳбари бахши ҷарроҳии Маркази Ҷумҳуриявии клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдаконаро низ ба уҳда дорад. Аз соли 2015 бошад, то инҷониб дар вазифаи  проректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Соли 2012 рисолаи докториро дар мавзӯи «Бемории ҳамбастаи оризадори эхинококкозии кӯдакон» дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия бо муваффақият ҳимоя намудааст. Давлятов С.Б. якчанд усули нави ҷарроҳиҳо оиди эхинококки шуш, ҷигар  ва дилро ихтироъ намудааст. У муаллифи 8 ихтироот дар сохаи ҷарроҳиҳои узвҳои кафаси сина батни мебошад. Давлятов С.Б. аввалин шуда амалиёти тармими качии кафаси сина (торокопластика)-ро дар кӯдакон бо истифода аз технологияи муосир  (металлҳои хусусияти хотиравӣ дошта) дар ҷумњурӣ гузаронидааст, ки масъалаи ба хориҷ бурдани ин беморонро аз байн бурдааст. Давлятов С.Б. шогирдони зидёдеро тарбия намудааст. Аз ҷумла бо роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи номзадиро дифоъ намуда ва 1 нафари дигар дар арафаи  ҳимоя қарор дорад.

Давлятов С.Б. дотори илмҳои тиб, профессор, академики академияи тиббию техникии Федерацияи Россия, духтури дараҷаи олӣ, узви ассосиатсияи ҷарроҳони кӯдаконаи Тоҷикистон ва  Федерацияи Россия, узви Шӯрои олимон ва диссертатсионии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Донишгохи давлатии тибии Тоҷикистон, муҳарири илмии маҷалаи Паёми таълимоти баъдидипломии соҳаи тандурусти мебошад. Муаллифи зиёда аз 125 мақолаҳои илмии нашр гардида, 1 монография, 8 ихтироот, 15 пешниҳоди беҳсозӣ ва  7 дастурамали таълимӣ мебошад.

Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди соҳаи тандурустии кишвар якчанд маротиба бо ифтихорномаҳо, аз ҷумла соли 2009 бо медали ҷашнии Абуалӣ ибни Сино ва соли 2015 бо ордени «Шараф дараҷаи II» мукофонида шудааст. Ӯ ҳамзамон аъзои ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва вакили мардумии ноҳиявии ноҳияи Варзоб мебошад. Ӯ дар байни беморон, кормандони клиникаю кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳрӣ ва донишкада обрую эътибори баландро сазовор аст.