Бойбобоев Абдувохид Абдулвахобович

Кандидат медицинских наук, доцент заведующая кафедрой психиатрии и наркологии

Автобиография

Ман Бойбобоев Абдувоњид Абдулвахобович 3 октябри соли 1959 дар ноњияи Рўдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) дар оилаи хизматчи таваллуд шудам. Аз соли 1966 то соли 1976 дар мактаби миёнаи № 169 ноњияи Ленин таҳсил гирифтам. Дар соли 1976 ба  факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, соли 1983 онро бо муваффақият хатм намудам. Фаъолияти кори худро соли 1983 дар кафедраи психиатрия, наркология ва равоншиносии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино ҳамчун лаборанти калон оғоз намуда, ва аз соли 1986 то 1994 дар вазифаи ассистенти кафедраи мазкур фаъолият намудам. Дар баробари фаъолияти кори худ  дар соли 1985 ба аспирантураи ғоибона дохил шуда дар соли 1989 диссертатсияи номзади илмҳои тибро бо муваффақият дифоъ намудам. Аз соли 1994 то соли 1998 дар вазифаи дотсенти кафедраи психиатрия, наркология ва равоншиносии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино фаъолият намудам. Аз соли 1998 ин ҷониб дар вазифаи мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорам. Инчунин дар солҳои 2004-2019 вазифаи сардори Идораи ташкил ва мутобиқсозии раванди таълимро ба ӯҳда  дошта,  аз соли 2019-ум то ин ҷониб дар вазифаи проректор оид ба таълими Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дорам. Солҳои 1993-2001  ҳамчун ҳамкор ба ҳайси сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2017 то соли 2023 ҳамчун сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои руҳии кӯдакона фаъолият намудам. Инчунин аз соли 2011 то ҳоло вазифаи раиси комиссияи ҷумҳуриявии суди-равонпизишкии амбулатории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯхда дорам. Дар баробари ин аз соли 2009 то ҳоло дар Комиссияи Марказии тибби-ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассис-мушовир оиди равонпизишкӣ низ фаъолияти ҳамкорӣ дорам. Дар соли 1989 ба унвони «Отличник здравоохранения СССР» ва дар соли 2007 ба унвони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидам. Оиладор, соҳиби чор фарзанд ҳастам.