Санаи 29 марти соли 2024 дар ҷаласаи Шурои олимони МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумњурии Тоҷикистон» бо иштироки Сардори раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кардҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои дорусозӣ, профессор Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 09 марти соли 2024 баргузор гардид, ба саҳми кормандон ва аъзоёни Шурои олимони донишкада ироа гардид.

Дар оғоз ректори донишкада доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлатали дар масъалаи муҳимияти мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён ва ходимони дин ибрози назар намуда, суханро ба доктори илмҳои фалсафа, профессор Музаффарӣ Муҳаммадалӣ доданд. Музаффарӣ аз ҷумла иброз дошт: дар мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат як қатор масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Дар оғози суханронӣ Ҷаноби Олӣ кулли мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон-моҳи парҳезкориву эҳсонкорӣ, хайру садоқат, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин  самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу намуд.

Дар ин баробар қайд намуданд, ки моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бепарастор, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад.

Пас аз ин дар суханронӣ масъалаҳои вазъияти ҷаҳони муосир шарҳ дода шуд. Хотирнишон гардид, ки бархурди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гуруҳҳои ифратгарои динӣ ва ба монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, ба ҷомеа ва давлати мо низ бе таъсир намемонанд.

«Имрўз ҷаҳоният дар давраи бархурду зиддиятњои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтию гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт, дар маҷмуъ дар вазъияти ниҳоят мураккаби таърихии худ қарор дорад» изҳор намуданд Президенти мамлакат.

Дар чунин вазъият мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ва арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем. Вагарна барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳвандон ба созмонҳои террористии хуссусияти динидошта, ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Инчунин Пешвои миллат оид ба масъалаҳои дигари ҷомеа, дар бораи вазифаҳои ходимони дин ва таълимоти дунявӣ додан ба шогирдон, масъалаи сару либос, омўзиши илмҳои табиатшиносиву риёзӣ, тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва якқатор масъалаҳои мубрам ибрози ақида намуданд.

Дар ин мулоқот Сарвари кишвар ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, сулҳу субот, хонаи обод, файзу баракат ва барору комёбиҳо орзу намуданд.

Дар охири  баромад аз ҷониби роҳбарияти донишкада ва дигар олимону кормандони он, нисбати мулоқоти Президенти кишвар фикру ақидаҳои худро иброз намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар фаъолияти ҳаррўзаи худ гуфтаҳои Ҷаноби Олиро сархати кори худ қарор диҳанд. Дар ҷаласаи Шўрои олимон ҳамчунин проректори донишкада номзади илмҳои тиб Сафаров З.Ш. ва декани факултаи такимили ихтисоси омўзгорон Шарифзода С.С. нисбати масъалаи мазкур фикрҳои худро баён намудаанд.

Ответить