Мухиддин Нуриддин Давлатали

Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой хирургических болезней и эндохирургии ГОУ ИПОвСЗ РТ. Лауреат премии им. И. Сомони.

Автобиография

Муҳиддин Нуриддин Давлатали 23 декабри соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1978 то 1988 дар мактаби миёна таҳсил кардааст. Дар вақти таҳсил соли 1984 ҳамчун хонандаи фаъол аз тарафи мактаб барои истироҳат ба лагери Умумишуравии пионерии «Артек» ба нимчазираи Қрим фиристода шудаааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба факультаи муолиҷави дохил шуда, донишгоҳро бо баҳои аъло (дипломи сурх) соли 1994 хатм намудааст. Соли 1994 ҳамчун хатмкунандаи аълочӣ ба ординатураи клиники дар назди кафедраи чарроҳии умумии факультаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда ва онро соли 1996 ба охир расонидааст. Дар солҳои 1996-1999 дар ҳамин кафедра ҳамчун аспирант дохил шуда таҳсилро давом додааст. Дар вақти таҳсил дар аспирантура бо корҳои илми машғул шуда ба гирифтани стипендияи президентӣ муваффақ гаштааст. Моҳи июни соли 2000 – ум рисолаи илмиро барои ноил шудан ба унвони номзади илмҳои тиб дар мавзўи «Такомули усулҳои ҷаррохии эхинококкози ҷигар вобаста ба ҷойгиршваии он»  ҳимоя намуда, моҳи ноябри ҳамон сол соҳиби дипломи номзади илмхои тиб гаштааст. Аз соли 1999 то соли 2001 дар кафедраи ҷаррохии умумии № 1 –и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси ассистенти кафедра кор кардааст. Соли 2001 сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ шудааст. Аз моҳи октябри соли 2001 ба докторантура дар назди кафедраи ҷарроҳии умумии № 1 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда ва аз моҳи сентябри соли 2003 ба сафари хизмати ба Донишгоҳи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон барои ба итмом расонидани рисолаи докторӣ равон карда шудааст. Аз тарафи ин донишкада ба Академияи тиббии баъдидипломии Санкт-Петербург барои давом додани таҳсил ба докторантура равон карда шуд. Аз моҳи марти соли 2004 то моҳи марти соли 2008 дар кафедраи ҷаррохии ба номи Н.Д. Монастырский ба ҳайси докторант дар Академияи тиббии баъдидипломии Санкт-Петербург тахсил намуда онро бомуваффакият ба анчом расонидааст. Моҳи ноябри соли 2008 рисолаи илмиро барои ноил шудан ба унвони доктори илмҳои тиб дар мавзўи «Ташхис ва тактикаи ҷарроҳӣ ҳангоми осеби минтақаи гепатопанкреатодуоденалӣ» бомуваффакият ҳимоя намудааст ва моҳи маи соли 2009 соҳиби дипломи доктори илмхои тиб гаштааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 то 04 моҳи майи соли 2015 ҳамчун мудири шўъбаи ҷарроҳии БКШ №5 ба номи академик К.Т. Тоҷиев ва омузгори кафедраи ҷарроҳии умумии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино шуда кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2013 бо унвони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Аз моҳи январи соли 2020 бо унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардидаааст. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста аз соли 2021 сарфароз карда шудааст. Аз 05 майи соли 2015 то ҳоло ҳамчун ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз мохи сентябри соли 2015 хамчун мудири кафедраи беморихои чаррохи ва эндочаррохии донишкадаи мазкур шуда кор ва фаъолият менамояд.  Оиладор сохиби чор фарзанд.